Сарҳадбонони тоҷик дар ҳамдастӣ бо кормандони милитсияи вилояти Хатлон аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ Тоҷикистон, дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ» гурӯҳи қочоқбарони афғон иборат аз 4-5 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони РВКД ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ мепайвандад.

«Қочоқбарони афғон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста, дар натиҷаи задухӯрд як нафар қочоқчӣ безарар гардонида шуд, - омадааст дар маълумот. -  Боқимонда аз тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд».

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷои ҳодиса тақрибан 32 кг маводи мухаддири навъи афъюн дарёфт ва мусодира шуда, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.