Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки то мусоид шудани обуҳаво дар Қазоқистон, аз сафар тариқи нақлиёти заминӣ ба ин кишвар худдорӣ кунанд.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи вазорат қайд мешавад, ки бо сабаби эълон гардидани ҳолати фавқулода, ки бо сард гардидани ҳаво дар якчанд манотиқи Қазоқистон рабт дорад, ба шаҳрвандони  Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки аз сафарҳо тавассути нақлиёти заминӣ тариқи қаламрави Қазоқистон то беҳтар гардидани вазъи обу ҳаво худдорӣ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Tengrinews.kz иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабаби то 45 дараҷа хунук шудани обуҳаво, аҳолии чанде аз вилоятҳо аз тӯфон огоҳ карда шудаанд.

Гуфта мешавад, давоми рӯзҳои 22-26 январ дар як қатор вилоятҳои Қазоқистон обуҳаво то 45 дараҷа хунук шуда, аз аҳолӣ дархост шудааст, ки бо тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оид ба тарзи рафтор дар ин ҳолатҳо шинос шаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.