Русия ҳамроҳи иттифоқчиёнаш дар СААД ва ИДМ барои муқовимат бо хатари воридшавии террористон аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар мусоҳиба ба РИА Новости намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Александ Стерник дар ин робита изҳор доштааст, ки тадбирҳои то имрӯз андешида, аз ҷумла таъсиси низоми минтақавии таъмини амният дар сарҳад барои орому осуда нигоҳ доштани минтақа кофӣ аст.

«Ба иллати вазъ дар Афғонистон самти ҷануб барои мо ҳамеша ҳассос боқӣ мемонад. Ҳозир боз мебояд ба он ҷо омадани ҷангиёнро баъди шикасташон дар Ироқу Сурия бояд ба инобат гирифт. Дар доираи СААД ва ИДМ мо ҳамеша бо шарикон дар ин самт чораҷӯӣ мекунем. Амнияти сарҳад пурзӯр шуда, имконоти сохторҳои қудратӣ тақвият меёбанд. Аслиҳаву муҳимоти қувваҳои мусаллаҳи шарикон таҷдиду навсозӣ мешавад, кадрҳои дахлдор тайёр карда мешаванд», - иброз доштааст ӯ.

Ба қавли номбурда, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба дастгирии нерӯҳои ҳукумат дар қитъаҳои бештар хатарноки сарҳад омода буда, имконоти пойгоҳи авиатсионӣ дар Қирғизистон тақвият дода шудааст.

«Дар ин росто солиму гарм шудани муносибатҳо миёни кишварҳои водии Фарғона - Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ таъсири муссбат мерасонад. Қаблан зимни носозиҳо миёни ин сегона, ифротгароён аз он ба мақсадҳои нопоки худ истифода карда метавонистанд. Имрӯз ба туфайли хуб шудани муносибатҳои Тошканд бо Бишкеку Душанбе, ин хатарҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтанд», - афзудааст ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.