- Саҳеҳияти маълумоти дастрасшуда аз расонаҳои гуногун дар бораи марги фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) Гулмурод Ҳалимов дар Ироқ то имрӯз тасдиқ нашуда, мо онро санҷида истодаем, - гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.
Вазир қайд кард, ки тибқи маълумоте, ки онҳо дар даст доранд, соли гузашта дар қаламрави Ироқу Сурия 250 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангиданд ҳалок шуда, 117 нафар ихтиёрӣ аз ин кишварҳо ба ватан баргаштаанд.
Дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» дар мавриди имкони истирдоди полковники ошӯбгари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Маҳмуд Худойбериев ба Душанбе, ки тибқи баъзе маълумот дар қаламрави Ӯзбекистон қарор дорад, Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки тайи соли охир ҳамкориҳои судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвари ҳамсоя ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтанд.
«Мо ният дорем, ки ҳамкориҳои мутақобиларо бо Ӯзбекистон дар самти мубориза бо терроризм ва ҷинояткории муташаккил тақвият бахшем», - гуфт Раҳимзода.
Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта дар қаламрави кишвар 392 шаҳрвандоне, ки бо созмонҳои террористӣ, аз қабили Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Давлати исломӣ, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» робита доштанд, дастгир шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста