Бародарзодаи муассиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуданашро рад кард. Муроҷиати навори видеои ӯро шоми рӯзи 19 феврал ВАО-и вилояти Хатлон мунташир карданд.

«Ҳеҷ касе маро ба ҳабс нагирифтааст, дар озодӣ қарор дорам. Чанд рӯз қабл дар болои боми ҷойи корам шахсони номаълум парчами Давлати исломиро барафрохтанд. Аз рӯи ин далел маро даъват карда, бозпурсӣ ва рухсатӣ доданд», - мегӯяд Саидов дар навор.

Ӯ ҳамчунин изҳор доштааст, ки ягон нафаре аз хешону наздиконаш низ дар робита ба ин масъала боздошт нашудаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар ноҳияи Вахш шахсони номаълум парчамҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ)-ро парафшон карданд. Ба гумони даст доштан дар ин амал се нафар сокинони ноҳияи Вахш боздошт шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.