Бори нахуст тӯли солҳои истиқлолият то охири соли равон машқҳои ҳарбии муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, айни замон намояндагони Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо масъалаи муҳлати баргузорӣ ва шумори сарбозону афсарон ва техникаеро, ки ба тамринҳо сафарбар мешаванд, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд.

Тамринҳои низомӣ метавонанд дар қаламрави якчанд машқгоҳҳо, ки дар қаламрави ду кишвар воқеъ аст, гузаронида шаванд.

Дар ҷараёни машқҳо истифодаи тарзу воситаҳои муборизаи муштарак бо терроризми байнулмилалӣ мавриди омӯзишу амал қарор мегиранд.

Зимнан хотиррасон шуд, ки дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон байни кишварҳо дар бораи транзити ҳарбиён, борҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои низомӣ тариқи қаламрави давлатҳо созишнома ба имзо расид. Ҳамон вақт миёни Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо низ созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.