Соли охир Тоҷикистон дар рейтинги иқтидори ҳарбӣ 16 зина - аз 112-ум то 96-ум боло рафта, лекин тӯли сол шумори кишварҳои рейтинг низ афзуд.

Дар рейтинги имсолаи Global Firepower Index 136 давлат зикр шудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда ба 127 давлат баробар буд.

Зимни таҳияи рейтинг наздики 50 омили гуногун, аз ҷумла шумори нерӯҳои мусаллаҳ, техникаи ҳарбӣ барои ҷанг дар хушкӣ, фазо ва об, ҳамчунин имконоти иқтисодӣ барои харидории аслиҳа, мавқеи ҷуғрофии кишвар ва ғайра ба инобат гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти рейтинг, шумори умумии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 14,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 7,4 ҳазор нафарашон дар артиши амалкунанда хизмат дошта, 75 ҳазор нафар дар захираанд.

Қайд мешавад, ки артиши Тоҷикистон дар ихтиёри худ 21 ҳавопаймои нақлиётӣ (боркаш), 4 ҳавопаймои таълимӣ, 20 чархбол, 37 танк, 46 техникаи зиреҳпӯши дигар, 10 воҳиди аслиҳаи артиллерия, 3 воҳиди низоми мушакии оташкушоӣ дорад.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг Ӯзбекистон - дар зинаи 39-ум, Қазоқистон - 50-ум, Туркманистон - 80-ум ва Қирғизистон - дар мақоми 91-ум ҷойгир шудаанд.

Пешсафони рейтинг ИМА, Русия ва Чин мебошанд.

Пеш аз анҷоми даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбии соли 2016 «Азия-Плюс» доир ба иқтидори ҳарбии кишвар инфографика тартиб дода буд, ки манзуратон мешавад.