Кормандони Хадамоти федералии амният ва Росгвардия амалиёти боздошти муҳоҷирони гумонбар ба фаъолияти террористӣ аз Осиёи Марказиро доир намуданд.

Нисбати ду нафари онҳо, шаҳрвандони 21-солаи яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, менависад РБК.

Кумитаи тафтишоти Руси навори видеои амалиётро нашр кард.Дар он дида мешавад, ки кормандони мақомот ба биное медароянд, ки он ҷо 5 нафар ҳузур доранд. Онҳоро маҷбур месозанд, ки дастҳо пушти сар ба фарш хобанд.

Тибқи маълумоти тафтишот, онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо яке аз шахсоне, ки ба онҳо барои хориҷ шудан аз Русия ва рафтан ба яке аз лагерҳои тамринии террористон дар Шарқи Наздик кумак ваъда мекунад, дар робита шуда, нусха (скан)-и шиносномаҳои худро ба ӯ мефиристанд ва 10 апрел билети ҳавопаймоӣ мегиранд. Лекин ба туфайли амалиёти муваффақонаи хадамоти махсус тарки Русия ва пайвастан ба сафи террористон ба онҳо муяссар нашуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.