Дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи тантанавӣ бо баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ ба беш аз 90 нафар хамткунандагони курсҳои махсуси прапоршики сертификатҳо супорида шуданд.

Дар ин чорабинии тантанавӣ Фармондеҳӣ Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини Фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, сардори Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони хадамоти сарҳадии Федератсия Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ, падарону модарон низ иштирок доштанд.

Зимни суханронии табрикӣ назди ҳозирин Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қайд кард, ки маҳз ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзӣ имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу суббот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.

Дар навбати худ прапоршик Хоҷамуродов Диловар дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки дар натиҷаи ғамхориҳои доимии роҳбарияти давлат сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва шароити иҷтимоии хизматчиёни низомӣ сол то сол беҳтар шуда, таъмиру азнавсозии Маркази таълимии имрӯза далели равшани ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва таҳкими низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад.

Дар анҷоми маросими тантанавӣ аз ҷониби хатмкунандагон намудҳои машқҳои тан ба тан намоиш дода шуданд. Ҳайати шахсии Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд.

Дар хотима ҳамчунин аз тарафи ансамбли ҳарбии «Марзбон»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба иштироккунандагон концерти идона намоиш дода шуд.

Хамткунандагони курсҳои прапоршики ҳамчун мутахассисони хурди соҳаи сарҳадӣ барои давом додани хизмати ҳарбӣ  ба тамоми ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ сафарбар карда мешаванд. Дар таълимгоҳи навбунёд аз рӯи 18 ихтисос, кадрҳои низомии ҷавон омода гардида ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.