Рӯзҳои 7-9 майи соли ҷорӣ сафари ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумита Саймумин Ятимов ба шаҳри Кобул сурат гирифт.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, зимни сафари мазкур мулоқоту гуфтушунидҳо бо роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ, аз ҷумла Раиси Раёсати умумии амнияти миллии ҶИА Муҳаммад Маъсум Станикзай, Вазири мудофиа Баҳром Торуқшоҳ, Вазири корҳои дохилӣ Аҳмад Вайс Бармак ва мушовири Президенти ҶИА оид ба масъалаҳои амниятии ҶИА Ҳаниф Атмар баргузор шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, таъмини амнияти сарҳади давлатӣ миёни ҳарду кишвар, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин паҳлӯҳои дигари таъмини амният дар минтақа баррасӣ шуда, мувофиқаҳои зарурӣ ҳосил гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати номбурда аз ҷониби Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пазируфта шуда, иродаи роҳбарони сиёсии ҳарду кишвар дар бораи таҳкими муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва мавқеи ягона дар масъалаҳои муқовимат бо хатарҳои амниятӣ таъкид гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.