Дар шаҳри Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2018» оғоз гардид, ки дар ду марҳила - 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, тибқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, амалиёт бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди пойтахт роҳандозӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар робита ба иҷрои ин қарор оид ба роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои ташкил ва гузаронидани  амалиёт ситоди шаҳрӣ таъсис дода мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ ситодҳои марбутаи ноҳиявиро таъсис ва оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳо, бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ чораҳо меандешанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.