Рӯҳонӣ ва воизи маъруфи охири асри гузашта Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки моҳи май аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд, дар барномаи «Решаҳои ноаён» дар телевизиони давлатӣ Эронро ба дастгирии Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ муттаҳам донист.
Дар барномаи телевизионӣ Ғозӣ қайд мекунад, ки мувофиқи қарори пешакӣ, ҲНИТ соли 2015 бояд дар Тоҷикистон ҳизби ҳоким мешуд.
Ӯ таъкид дошт, ки «ҲНИТ барои Тоҷикистон ҳизби зиёновар ва хиёнаткор буд ва чунин боқӣ мемонад».
«Эрон мехоҳад, ки ҲНИТ-ро дубора эҳё кунад ва хоҷагони ин ҳизб ният доранд, ки соли 2020 дар Тоҷикистон табаддулот барпо намоянд», - изҳор дошт Ғозӣ.
Ёдрас мекунем, ки баҳори соли 2020 дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи парлумонӣ ва тирамоҳи ҳамин сол интихоботи президенти ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Рӯҳонии маҳкумшуда аз аҳолии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки хатогиҳои ӯро такрор накунанд ва аз мардуми тоҷик маъзарат хост.
Қиёмиддин Ғозиев ё худ Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ солҳои 90-уми асри гузашта яке аз рӯҳониёни маъруф ва суханварони тавонои майдони «Шаҳидон» буд. Мардум ба ӯ унвони ғайрирасмии «генерали мардумӣ» ҳам дода буданд.
Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба Афғонистон рафта, бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ҳамкорӣ дошт. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 ба кишвар баргашта, узви яке аз зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. Барои хизматҳояш дар амалисозии Созишномаи зикршуда бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста