Дидбонгоҳи сарҳадии Панҷ, ки яке аз қитъаҳои душвортарини марзро посбонӣ мекунад, 90-солагиашро ҷашн мегирад.

Ба ин муносибат дар ноҳияи Панҷ чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Руслан Мирзоев, муовини аввали сардори Гурӯҳи ҳамкории сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Русия дар Тоҷикистон Андрей Курчанов, афсарон, собиқадорони қушӯнҳои сарҳадӣ ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат варзиданд.

Гузориши тасвириро аз ин чорабинӣ манзуратон мегардонем.

1/20

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.