Гурӯҳи десантчиёни нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта ҷиҳати иштирок дар тамринҳои “Ҳамкории минтақавӣ-2018”, ки дар пойгоҳи низомии амрикоии Эдвардс дар штати Массачусетс аз 10 то 21 сентябр баргузор баргузор мешаванд, ба ИМА раҳсипор шуд.

Созмондеҳи тамринҳо Фармондеҳии марказии ИМА буда, дар он ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Афгғонистон, Муғулистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимов.

Дар ин тамринҳои низомӣ беш аз 200 нафар хизматчиёни ҳарбии кишварҳои гуногун ширкат меварзанд.

Мувофиқи нақшаи тамринҳо, ба амалиёт оид ба таъмини субот, амнияти сарҳадҳо, мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва муқовимат ба муомилоти мавод ва технологияи манъшуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.