Дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо иштироки раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Саймумин Ятимов комендатураи нави сарҳадӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре ба “Азия-Плюс” тариқи телефон аз ВМКБ сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, дар комендатура барои сарбозону афсрони сарҳадбон тамоми шароити хизмат фароҳам оварда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар комендатура барои афсарон ва оилаҳои онҳо манзили зист, макони зисту ҷойи хоб (казарма) барои сарбозон, китобхона, ҳаммом, майдони варзишӣ, майдони сафороӣ, хонаи истироҳат, ҳуҷраи нигаҳдории силоҳ ва қароргоҳҳои таваққуфи техникаи ҳарбӣ сохта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳамчунин барои хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи сарҳадии “Харгӯшӣ” воқеъ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ бинои нави муосири ҷавобгӯ ба талаботи хизмати ҳарбӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Харгӯшӣ” баландтарин натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Он дар баландии беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.

Танҳо тайи 10 соли охир дар Тоҷикистон, асосан дар сарҳад бо Афғонистон зиёда аз 150 дидбонгоҳҳои хурду бузург сохта шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.