Дар тамринҳои ҳарбии воҳидҳои низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар баробари силоҳи сабуки оташфишон, аз дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, танк, мошинҳои зиреҳпӯш, чархбол ва минафкан (миномёт) истифода шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон майор Ориф Нозимов.

“Барои ошкор кардани макони ҷамъшавии террористони шартӣ, ки ба қаламрави водии Фарғона ворид шудаанд, аз ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин истифода шуда, сипас чархболҳои H215 (Airbus Helicopters)-и Ӯзбекистон ва Ми-8-и Тоҷикистон ба макони таҷаммӯъи ҷангиён зарбаҳои ҳавоӣ заданд”, - гуфт ӯ.

Танкҳои Т-72-и Тоҷикистон, мошинҳои зиреҳпӯши Ӯзбекистон ва гурӯҳҳои муштараки минафкан аз хушкӣ ба “террористон” зарба заданд.

Дар тамринҳо танкҳои Т-72-и Тоҷикистон ва мошинҳои зиреҳпӯши Ӯзбекистон истифода шуданд.
Вазорати мудофиаи ҶТ

Хизматчиёни ҳарбии дастаҳои таъиноти махсуси Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо макони ҷамъшавии “ҷангиён”-ро иҳота намуда, қароргоҳ ва худи онҳоро пурра нобуд карданд.

“Дар тамринҳои муштарак ҳамагӣ наздики 600 нафар хизматчиёни ҳарбии ҳарду кишвар иштирок доранд”, - гуфтанд дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Нахустин дар таърихи муносибатҳо тамринҳои муштараки воҳидҳои ҳарбии Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар машқгоҳи низомии “Чорухдайрон” дар вилояти Суғд ҷараён доранд.

Имрӯз дар доираи тамринҳо раҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии минтақа дар яке аз нуқтаҳои тирандозии маркази таълимии “Нурафшон” малакаҳои худро дар тирандозӣ аз автомати Калашников ва тапппончаи Макаров месанҷанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.