Мувофиқи фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи Душанбе сардори нав таъин шуд.

“Сардори нави шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи Душанбе Тӯрахон Кабирзода таъин шуд”, - хабар дод сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Дар бораи то ин замон дар кадом мансаб ифои вазифа намудани Тӯрахон Кабирзода ба “Азия-Плюс” маълумот надоданд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии ВКД, байни кормандони шуъбаи милитсияи фурудгоҳ низ ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифта, қисмати зиёди кормандон иваз шуданд.

Ёдрас мекунем, ки вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода бо фармони худ сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанбе Рустам Саъдиевро, ки ба сӯи корманди зертобеъи худ тир парронида буд, аз мансаб барканор кард.

Рӯзи 6 октябр сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Саъдиеви 34-сола дар ҷойи корӣ бо зертобеъаш Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола ба муноқиша пардохта, аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ ӯ тир холӣ кард.

Тирпарронида Рустам Саъдиев ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиев замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Корманди милитсияи ҷабрдида бо захмҳо аз тир дар шикам ва пой дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон ба ҳаёти ӯ дигар хатаре вуҷуд надорад. Сардори шуъба боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳ боздошт ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дар қатори ӯ ҳамчунин боз як қатор кормандоне, ки шаъну эътибор ва обрӯи  мақомотро паст зада, ба рафторҳои ношоиста роҳ додаанд, низ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Вазир дастур дода буд, ки дар шуъбаи милитсияи фурудгоҳ пурра ҷойивазкунии кадрҳо гузаронида шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.