Нисбати пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Алватшоев санадҳои расмии огоҳӣ тартиб дода шуда, зери санад онҳо шахсан имзо гузоштанд. Дар ин бора дар гузориши ТВ “Бадахшон” хабар дода шуд.

Қобили зикр аст, ки ба рӯйхати пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ин дафъа ному насаби Зоир Раҷабов ва Амриддин Алватшоев низ илова шуд. Қаблан дар бораи онҳо чизе намегуфтанд.

«Аз онҳо талаб шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона, аз ҷумла ташкил ва раҳбарӣ кардан ба гурӯҳҳо ва иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва тасарруфи иншоот ва биноҳои давлатӣ, нобуд кардани амвол, таҳқири намояндагони ҳукумат, машғул шудан ба авбошӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, ташкил кардани ҷамъомадҳо (сходка) хотима бахшанд”, - гуфта мешавад дар гузориши телевизионӣ.

Дар гузориши ТВ “Бадахшон” зикр гардид, ки ҳамчунин ба онҳо Кодексҳои ҶТ ва навъҳои ҷазо барои содир кардани амалҳои дар боло зикршуда шарҳу тавзеҳ дода шуд.

“Пешвоёни ғайрирасмии вилоят уҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботи санад ва даст задан ба чунин амалҳо, назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт”, - қайд шуд дар гузориши ТВ “Бадахшон”.

Ҳамчунин зикр гардид, ки рӯзи 22 октябр ҳамаи пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ба прокуратура даъват шуда, лекин қаблан яке аз онҳо – Толиб Айёмбеков қаблан изҳор намуд, ки ихтиёрӣ ба прокуратураи вилоят рафта, дархост намудааст, ки сабаби дар ҷаласаи ситоди байниидоравӣ оид ба ҷорӣ кардани тартибот дар қаламрави ВМКБ роҳбари гурӯи муташаккили ҷиноятӣ номбар кардани ӯро шарҳ диҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.