Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона имрӯз, 8 ноябр иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад. Дар кори он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзад.
Сарони кишварҳои узви Созмон масоили марбут ба мушкилоти ҷойдошта дар таъмини амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷии кишварҳои узви СААД, такмили механизмҳои муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва рушди имконоти низомии Созмонро баррасӣ мекунанд.
Сарони кишварҳо масъалаи таъини дабири кулли нави Созмонро ба ҷойи намояндаи Арманистон Юрий Хачатуров, ки аз ин вазифа озод шуда буд, низ баррасӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти хабаргузории Интерфакс, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков гуфтааст, ба ин мансаб номзадии се нафар - намояндаи Русия Семериков, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли СААД то моҳи майи соли 2020; намояндаи Беларус тибқи алифбо баъди Арманистон ва намояндаи Арманистон то моҳи майи соли 2020 бо исрори ин кишвар.
Дар нишасти Остона имзои наздики 20 санад, аз ҷумла баёнияи сиёсии ниҳоӣ ва изҳороти сарони кишварҳо дар бораи тадбирҳои ҳамоҳангшудаи кишварҳои узв нисбати иштирокчиёни низоъҳои мусаллаҳона дар сафи созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар назар аст.
Дар нишаст баррасии бастаи ҳуҷҷатҳо бобати ба расмият даровардани мақоми нозир ва шарики СААД пешбинӣ шудааст, ки нияту омодагии Созмонро ба ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байнулмилалии манфиатдор ифода хоҳад кард.
Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 таъсис дода шуд. Ба ҳайати он Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шомиланд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста