Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки назди комендатураи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар шаҳри Душанбе ҳеҷ амали террористӣ тарҳрезӣ нашуда буд. Қаблан дар ин бора чанде аз васоити ахбори умуми Тоҷикистон хабар дода буданд.
“Мо расман маълумотро дар бораи гӯё боздошти гурӯҳе аз исломгароён, ки назди пойгоҳи 201-ум амали террористӣ содир карданӣ будаанд, рад мекунем. Ин маълумот нодурусту носаҳеҳ аст. Мо касеро боздошт накардаем ва чунин амали террористӣ ҳам омода намешуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” тариқи телефон сардори хадамоти матбуоти КДАМ Дилшод Абдуалимов.
Дар бораи гӯё аз ҷониби тарафдорони “Давлати исломӣ” тарҳрезӣ шудани тарконидани комендатураи пойгоҳи низомии 201-ум ва мактаби русиягӣ дар Душанбе аз ҷумла субҳи имрӯз бо истинод ба як манбаи худ дар КДАМ Тоҷикистон Радиои Озодӣ хабар дод.
Бино ба ин маълумот, гурӯҳи иборат аз 12 нафар санаи 4 ноябр боздошт шудааст. “Роҳбари гурӯҳ Суҳроб ном дошта, сокини шаҳри Ваҳдат будааст. Маълум будааст, ки ӯ қаблан дар Қирғизистону Эрон қарор дошта, сипас тариқи қаламрави Туркия ба Сурия меравад ва дар он ҷо ба сафи Давлати исломӣ мепайвандад”, - навишта буд нашрия бо истинод ба манбаи худ.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз пойгоҳи низомии 201-ум хабар доданд, хизматчиёни ҳарбӣ тибқи реҷаи муқаррарӣ хизматро адо намуда, ҳеҷ реҷаи пурзӯри равуо ҷорӣ нашудааст ва дар бораи тарҳрезии амали террористӣ дар ин ҷо чизе нашунидаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста