Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии рафти таҳқиқи ошӯб дар зиндони Хуҷанд дидору гуфтушунид кард.

“Кордори муваққатии умури ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт бо шахсони мансабдори Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрд, то ки дар бораи тадбирҳои ҳукумат ҷиҳати тафтиши ҳодисаи исён дар зиндони Хуҷанд огаҳӣ пайдо намояд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии дипломатии амрикоӣ.

Дар сафорат таъкид доштанд, ки зимни мулоқот Кевин Коверт ба он исрор варзидааст, ки зимни таҳқиқи ин ҳодиса волоияти қонун фаромӯш нашавад.

Сафирони кишварҳои ғарбӣ ҳамфикранд

Сафирони кишварҳои Ғарб, аз ҷумла ИМА, санаи 19 ноябр изҳори ният карданд, ки Душанберо ба тафтиши мунсифона ва воқеъбинонаи ин ошӯб ва муҷозоти шахсони мансабдор, ки ҳуқуқҳои маҳбусонро поймол кардаанд, даъват намоянд.

Дар вохӯрӣ, ки дар сафорати Британияи Кабир дар Душанбе доир гардид, дипломатҳои ғарбӣ бо ҳомиёни ҳуқуқ аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҷараёни тафтиши исён дар зиндони шаҳри Хуҷандро, ки шаби 7 ба 8 ноябр рух дод, баррасӣ намуданд.

Пас аз вохӯрӣ Кевин Коверт дар саҳфиааш дар Фейсбук чунин изҳори назар кард:

“Имрӯз бо сафирони аврупоӣ ва аъзои Эътилофи зидди шиканҷа дар мавриди баррасии ошӯби чанде қабл рухдода ва бетартибиҳо дар зиндони Хуҷанд вохӯрии муҳим ва муфид баргузор шуд. Ба ҳукумат баргузории тафтиши мӯшикофона, риояи волоияти қонун ва ҳимоя аз ҳуқуқҳои маҳбусон ва аъзои оилаи онҳо зарур аст”.

 

Акс аз саҳифаи сафири ИМА дар ҶТ Кевин Коверт

Дар бораи дигар ҷузъиёти вохӯрии сафирони кишварҳои Ғарб бо ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон маълумот дастрас нест.

Дар Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон далели баргузории мулоқотро тасдиқ, вале аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ варзиданд.

Сардори зиндон боздошт шуд

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти чанде аз расонаҳо, сардори муассисаи ислоҳии низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд Файзулло Сафарзод то анҷоми тафтиши ҳодисаи исён ба ҳабс гирифта шудааст. Дар бораи ҳабси Файзулло Сафарзод бо дархости Прокуратураи вилояти Суғд суди шаҳри Хуҷанд қарор содир намудааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, яке аз зиндонбонҳо, ки феълан дар беморхона бистарӣ аст, бо шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, то имрӯз чанд дафъа дар бораи ҳодиса ба суолҳои тафтишот посух додааст. Ин ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, ба онҳо таъкид шудааст, ки дар бораи ҳодисаи ошӯб дар зиндон ба расонаҳо суҳбат накунанд.

Тибқи маълуомти ВАО, дар ҷараёни саркӯб кардани ошӯб дар муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд 25 нафар – 23 маҳбус ва 2 корманди зиндон ҳалок шудаанд.

Дар бораи ҳодисаи рухдода дар муассисаи ислоҳии низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд мақомоти расмӣ ҳеҷ шарҳу тавзеҳе намедиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.