Танҳо давоми як ҳафта дар ҷараёни баргузории рейди махсус кормадони БДА шаҳри Душанбе 153 адад автомашинаҳои ифлосро ошкор намуданд.

Асосан автомашинаҳои боркаше боздошт шуданд, ки дар иншооти сохтмони пойтахт машғули коранд, хабар медиҳад Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе.

РВКД шаҳри Душанбе

Бино ба иттилои манбаъ, дар бештари маврид ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ба оддитарин Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, дар баробари бо чархҳои ифлосу воситаи нақлиёти пур аз лой ҳаракат намудан, ҳамзамон бо пур аз бори пошхӯранда бе пардаи ҳимоятӣ идора мекарданд.

“Чунин дағаливу хунукназарӣ аз ҷониби баъзе аз ронандагон аст, ки ба муҳити тозаву экологӣ ва симои пойтахт латма ворид намуда, ҳамзамон роҳҳои нақлиётгарди дохилишаҳриро ифлос мекунанд”, - омадааст дар хабари Раёсат.

Ронандагони ин автомашинаҳо мувофиқи моддаи 333 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронқунии Тоҷикистон (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба зарар боис мегардад) дар ҳаҷми аз 27 то 55 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар Шуъбаи БДА шаҳри Душанбе бидуни ифшои ному насаб дар ин робита иттилоъ дод, ки қаблан ҳодисаҳои чаримабандии ронандагон аз ҷониби кормандони милитсия барои чунин қонуншиканӣ аҳёнан ва хеле кам сурат мегирифтанд.

“Раиси пойтахт чандин маротиба дар мавриди ҷой доштани чунин мушкилот дар шаҳр изҳори назар намуда, аз кормандони БДА тақозо намуд, ки дар ин самт тадбирҳо андешида шаванд”, - кард кард манбаъ.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.