Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо рӯзҳои 3-4 сентябр дар кори вохӯрии муштараки вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вохӯрии муштарак масоили ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ-техникӣ баррасӣ мешаванд.

Ба мушкилоти суботи вазъ дар Афғонистон, муқовимати муштарак ба сирояти коронавирус, баргузории чорабиниҳои муштарак, тайёр кардани кадрҳо ва табодули маълумот таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар ҳошияи нишасти Маскав дидору гуфтушуниди вазири мудофиаи Тоҷикистон бо чанде аз ҳамтоёнаш аз ИДМ, СҲШ ва СААД дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.