Муҳаммад Ҳанифи Атмар сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон, дар идомаи дидорҳояш бо мақомоти Тоҷикистон, бо Дабири Шӯрои амнияти милли Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода мулоқот кард.
Бино ба хабарномаи Вазорати умури хориҷаи Афғонистон, дар ин дидор, ҷаноби Атмар аз ҳимояти Тоҷикистон аз мавқеи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар раванди сулҳ ва музокирот бо "Толибон" қадрдонӣ кардааст ва ҳамкории ду кишварро дар мубориза бо терроризм, таъмин амнияти сарҳадот ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир муҳим ва асосӣ хондаст.
Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар ин дидор ба аҳамияти густариши талошҳои дуҷониба барои мубориза бо терроризм ва амнияти сарҳадот, таъкид кардаст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо Афғонистон дар бахшҳои ёдшуда эълом кард.
Ҳамчунин, ду тараф дар хусуси истирдоди маҳбусин, эҷоди комиссияи ҳамкориҳои амниятӣ миёни ду кишвар ва эҷоди роҳкори ҷомеъ ва муассири минтақавӣ барои мубориза бо терроризм, баҳс ва табодули назар карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста