Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, ки бештар аз як моҳ аз бемории Covid-19 ранҷ мебурд, бар ин беморӣ пирӯз шуда, аз беморхона рухсат шудааст.

Умаров дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вазъи саломатияш хуб шуда бошад ҳам, беҳолӣ ва бемадорӣ ӯро каме азият медиҳад.

“Баъди тақрибан як моҳ аз беморхона рухсат шудам ва ҳоло дар хона қарор дорам. Худро беҳтару хубтар ҳис мекунам, аммо беҳолӣ ва бемадорӣ то ҳол дар вуҷудам эҳсос мешавад. Рӯзҳои наздик ба кор шуруъ мекунам ва умед аст ҳама мушкилот паси сар мешавад”, - гуфт сардори СИҶҶ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки аз куҷо сироят ёфтан ба бемории коронавирус ҳанӯз барояш маълум нест, вале мегӯяд, бемориро дар бемористони бемориҳои сироятии кӯдакона хеле вазнин паси сар нумудааст.

“Аз куҷо сироят ёфтан аз бемориро аниқ намедонам. Бемориро вазинин гузарондам. Бо кӯмаки табибон аз панҷаи беморӣ раҳо ёфтам. Аз ҳамаи табибон сипосгузорам, ки ба маризон шифо мебахшанд”, - афзуд Умаров.

Бояд қайд кард, ки то субҳи 28-уми сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 646 нафар расид.

Бино ба иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19, рӯзҳои истироҳат 84 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо боз як ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 75 касро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.