Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки дар Аврупо қарор дорад, вориди ҷустуҷӯйи расмӣ кардааст. Ба навиштаи Маркази матбуоти ин ниҳод, Муҳаммадиқболи Садриддин дар қаллобии 430 ҳазор доллари ИМА муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, ба ин ниҳод шаҳрвандоне бо номи Неъматулло Кабутов, Сиёвуш Холов ва Носиҳиддин Қаюмов аз “кирдорҳои қаллобии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садуридинов, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, соли таваллудаш 15-уми майи соли 1978” шикоят бурдаанд.
Додситонии кулл иттилоъ медиҳад, ки “дар вақти санҷиш маълум гардидааст, ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М, Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифтааст”.
Маркази матбуоти ин ниҳод мегӯяд, ки гумонбар ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12 % фоида хоҳад дод. Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ медиҳад. Инчунин ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад,-мегӯяд Додситонии кулл.
Ба таъкиди ин ниҳод “ҳамин тариқ, Садуридинов М.Қ. бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст”.
«Бо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Муҳаммадиқбол Садурдинов аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва кофтукови расмӣ эълон карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад», - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ин ниҳод ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар “аз рафторҳои қаллобии Садуридинов М. ҷабр ё зарар дида бошанд, метавонанд ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд”.
То кунун назари Муҳаммадиқболи Садриддин, ки муассиси пойгоҳи интернетии “Ислоҳ” дар Аврупо мебошад, дар ин қазия дастрас нест. Мақомоти Тоҷикистон ин пойгоҳи интернетиро марбут ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ медонанд ва онро дар Тоҷикистон масдуд кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста