Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз сар задани як даргирии нав, рӯзи якшанбеи 25-уми октябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғд хабар додааст.
Ба гуфтаи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон марзбонони қирғиз ба сӯйи шаҳрвандони мулкии Тоҷикистон тир кушодаанд, ки "хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд".
Маркази матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки "рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд. Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд. Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд".
Неруҳои марзбонии Тоҷикистон ҳудудеро, ки сокинони Хоҷаи Аъло ба таъмир кардани лӯлаҳои обгузар машғул буданд қаламрави Тоҷикистон дониста, дахолати марзбонони кишвари ҳамсояро "иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз" ва "мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат" донистааст.
То кунун ҷониби Қирғизистон дар ин бора изҳори назар накардааст.
Сухангӯйи шаҳрдории Исфара Иқбол Тешаев мегӯяд, ки баъд сар задани ҳодиса намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон хеле зуд ба ҷойи ҳодиса омадаанд. Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар пайи ҳодиса неруҳои марзбонии ҳарду кишвар ва намояндаҳои ҳукуматҳои маҳалии ҳаммарз ба гуфтушунид пардохта, "корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд".
Ба гуфтаи сухангӯйи шаҳрдории Исфара "дар натиҷаи корҳои муштаракаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳар ду ҷониб як муноқишаи дигар пешгирӣ шуд".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста