Тоҷикистон барои баргардонии шаҳрвандонаш аз урдугоҳҳои Сурия бо мақомоти ин кишвар вориди гуфтугӯ шудааст. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мақомоти Сурия ҳамроҳ бо намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ин бора мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх ва Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия, Зубайдулло Зубайдзода, “масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳи ал-Ҳавлро баррасӣ кардааст”.
Гуфта мешавад, дар паноҳгоҳи ал-Ҳавл ва ал-Ҳасакаи Сурия бештар аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҳамсарону фарзандони ҷангиёни гурӯҳи тундрави ДОИШ мебошанд.
Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода гуфтааст, ки дар Димишқ, пойтахти Сурия қарор дорад ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик баргардонида хоҳанд шуд.
Пас аз шикасти “Давлати исломӣ” ҳоло занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.
Тоҷикистон хеле аст талош дорад, ки ин занону кӯдаконро баргардонад. Кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Узбекистон ва Қазоқистон даҳҳо шаҳрванди худро аз ин кишвар баргардонидаанд.
Бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия 65 ҳазор зану кӯдак нигаҳдорӣ мешавад, ки 10 ҳазор нафарашон хориҷиён ҳастанд. Беш аз 570 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста