Дар Тоҷикистон ба санҷиши ҳамаҷонибаи шоҳқубури гази Музробод-Душанбе, ки гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба кишвари мо тариқи он интиқол меёбад, оғоз намуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, охири ҳафтаи гузашта дар бораи вазъи ин қубур маълумоти нигаронкунанда расид: бо сабаби аз сӯрохии қубур хориҷ шудани газ, ки ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 газ дода мешуд, дар ду манзил дар ноҳия Рӯдакӣ таркиш ба амал омад.

Ба гуфтаи ӯ, муддати тӯлонӣ, ки муносибатҳои Тошканду Душанбе ба сардӣ гароида буданд, тариқи ин қубур газ ба Тоҷикистон интиқол дода намешуд.

“Дар ин давра баъзе шаҳрвандон мустақиман болои он манзил сохта, шохаҳои алоҳидаи он таъмир намешуданд, ки ба ҳодисаҳои фоҷеабор дар ноҳияи Рӯдакӣ боис гардид”, - қайд кард Юсуфӣ.

Зимнан таъкид шуд, ки санҷиши қбури газ танҳо дар қитъаи Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои ташхиси аз ҷониби КҲФ гузаронида ошкор шуд, ки таркиш дар хонаҳои сокинони деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ бар асари аз сӯрохии қубур хориҷ шудани газ ба амал омадааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.