Соли 2020 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ беш аз 2,4 тонна маводи нашъаоварро муосидира намуданд.
Гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли 2019 ҳамагӣ 788 кило бештар маводи мухаддир мусодира шудааст.
“Давоми сол кормандони шуъбаи мубориза бо маводи мухаддир 144 ҷинояти марбут ба ин ҳодисаҳоро ошкор намуда, 183 кило маводи нашъаовар мусодира карданд, аз ҷумла 19 кг героин, 95 кг афюн, 40 кг ҳашиш, 15 кг бангдона ва 15 кг моддаҳои психотропию сахттаъсир, дар намуди хока ва ҳабҳои синтетикӣ (2195 адад)”, - қайд мешавад дар сомонаи Агентӣ.
Ғайр аз ин, кормандони ВКД зиёда аз 1,1 ҳазор тонна маводи нашъаовар ва кормандони КДАМ - беш аз 1,9 ҳазор кило маводи нашъаоварро нобуд сохтанд.
Соли 2020 дар Агении назорати маводи нашъаовар нисбат ба 162 нафар 105 парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ин давра кормандони Агентӣ 7 нафар шахсони мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаро боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста