Дар гузаргоҳҳои зеризаминии роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар умум 49 адад камераҳои мушоҳидавии бисёрфунксионалӣ насб карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои Н. Махсум-Б. Ғафуров (маҳаллаи 82-юм) 30 адад камера ва дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои И. Сомонӣ – А. Сино (маҳаллаи Қарияи Боло) 19-адад камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуд.


Ба иттилои манбаъ, ҳамаи наворҳо дар маркази назоратбарии он дар Қисми навбатдории Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Сино ҷойгир карда шуда, нафари масъул аз ҳисоби кормандони милитсия вобаста карда шудааст.


Дар РВКД қайд мекунанд, ки камераҳо ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон, ки ҳангоми убури роҳ аз роҳҳои зеризаминӣ истифода мебаранд, гузошта шудааст.


“Дар сурати содир гардидани ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлуби зиддиҷамъиятӣ, махсусан муноқиша ва авбошиву дигар кирдорҳои ҷиноятӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милитсия дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, нафарони гумонбар дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд”, - омадааст дар хабари Раёсат.

Ҳамаи камераҳои видеоӣ аз ҷониби шаҳрдории пойтахт харидорӣ ва насб карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.