Кӯдаконе, ки аз давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ соли 2019 ба ватан баргардонида шуданд, то кунун ба хешовандонашон супурда нашудаанд. Инро танҳо вақт нишон медиҳад, гуфт дар нишасти хабарӣ Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ин кӯдакон то ҳол ба наздиконашон супорида нашуда, супоридани онҳо ба хешовандонашон масъалаест, ки омӯзиш ва таҳлил мехоҳад.

«Ин масъалае ҳаст, ки омӯзиш ва таҳлил мехоҳад. Чун модарони ин кӯдакон дар муассисаҳои иҷрои ҷазо дар он давлатҳо қарор доранд ва давлат ваколат додааст, ки ин кӯдаконро ба масъулияти худ гирад».  

Ӯ мегӯяд кӯдакон дар муассисаҳо бо таҳсил фаро гирифта шуда, вазъияти онҳо  хуб буда, бехатарӣ ва саломатии онҳо таъмин шудааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки  соли равон бинобар паҳншавии бемории коронавирус ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ба муассаҳое, ки онҳо қарор доранд ба хотири ҳифзи саломатии ин кӯдакон, камтар хабаргирӣ рафтанд. Аммо Ҳабибуллозода  гуфт, «якчанд бор ба муассисаҳо рафтем ва кӯдакон мушкилие надоранд».

Тоҷикистон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки кӯдакони ноболиғи шаҳрвандонашро, ки ба сафи ҷангҷӯёни ДИИШ пайваста буданду дар ҷангҳои Ироқу Сурия кушта шуда буданд ва ё бархеҳо зиндон шуданд, аз урдугоҳҳои паноҳандагони ин кишварҳо баргардонид. Аз ҷумла 30 апрели соли 2019 84 кӯдакро аз Ироқ бо як парвози вижа ба Тоҷикистон овард, ки дар оғоз дар осоишҳгоҳи “Харангон” дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. То ҳол хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расидааст. Баъди кушта шудани аксар ҷанҷгӯён, оилаҳои онҳо бесарпаноҳ монда, бо тасмими мақомоти Сурияву Ироқ дар урдугоҳҳои махсус ҷой дода шуданд.

Додгоҳи вижаи Бағдод ҳамсарону наздикони ҷангиёни узви ДИИШ-ро ба хотири "убури ғайриқонунии марз" ва "ҳамзистӣ ва кӯмак ба террорист" ба ҳукмҳои сангин маҳкум кардаанд. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, ба мӯҳлатҳои аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.