Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу рӯзи душанбе бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Имрӯз, 27 апрел ӯ дар кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок мекунад.
Дар ин ҷаласа танҳо вазири мудофиаи Арманистон ҳузур надошта, Ереван намояндаи Қувваҳои мусаллаҳи кишварашро ба пойтахти Тоҷикистон фиристод, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишвраҳои узви САДД дар Кохи афсарони пойтахт доир гардида, дар он масоили таъмини амнияти низомӣ, муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва тадбирҳои рафъи онҳо баррасӣ мешавад.
Инчунин доир ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СААД табодули назар сурат мегирад.
Ғайр аз ин, дар Душанбе баргузории вохӯрии дуҷонибаи Сергей Шойгу бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба нақша гирифта шудааст.
Вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД-ро ҳамчнуин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста