Се сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара бар пайи як низои марзӣ аз сӯйи марзбонони қирғиз мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтаанд, ки ҳоло дар шуъбаи эҳёи беморхона қарор доранд. Вазъи онҳо муътаъдили нигаронкунанда арзёбӣ мешавад, гуфтанд ба "Азия-Плюс" аз Беморхонаи марказии Исфара
Ба гуфтаи як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ин се нафар бар пайи як ҷанҷоле, ки субҳи имрӯз миёни деҳаҳи ҳаммарз сар задааст, маҷруҳ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ тирандозиро ҷониби Қирғизистон оғоз кардааст.
"Ҷанҷол миёни сокинон субҳи имрӯз оғоз шуд, ба сӯйи якдигар сангзанӣ карданд. Вале аз ҷониби Қирғизистон низомиён бо либоси мулкӣ тирандозиро ба сӯйи бошандагони мо оғоз карданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар хисорот диданд, чандин сокини деҳа захмӣ шуданд",- гуфт ин манбаъ.
Аз беморхонаи марказии Исфара ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки аз ҷойи ҳодиса се нафарро оварданд, ки ҷароҳат бардоштаанд. "Онҳо ҳоло дар шуъбаи эҳё қарор доранд. Вазъи онҳо муътадили нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Пизишкон ба онҳо ёрии лозимро расонида истодаанд".
Манбаи мо аз шаҳрдории Исфара мегӯяд, ки намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва бо сокинони маҳаллӣ мулоқот мекунанд. Вале дар мавриди хатми ҷанҷол ӯ чизе нагуфт.
Даргузашти Аслиддин Достиев, рӯзноманигори тоҷик дар синни 64-солагӣ
Омодагӣ ба ваксиназанӣ ё хуруҷи дигарбораи “COVID-19”? Табибон боз хона ба хона мегарданд
“Толибон” гуфтанд баста шудани мактабҳои духтарона ба мушкилоти барномаи таълимӣ рабт дорад
Аз 5 ҳазор то 6,5 ҳазор сомонӣ. Билетҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия боз гарон шуданд
Ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Батуми
Cтафилококки ошпазҳо ба заҳролудшавии 22 нафар дар Исфара боис гардид
Дар Чемпионати CAFA футболбозони тоҷик мунтахаби Қирғизистонро ҳам мағлуб карданд
Оғози парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Маскав
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз шуд
Сокинони Тоҷикистонро минбаъд аз қатъи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста