Котибони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон Николай Патрушев ва Насрулло Маҳмудзода 28 апрел дар Душанбе нақшаи ҳамкории кишварҳоро дар бахши таъмини амният дар давраи солҳои 2021-2022 баррасӣ карданд.
Зимни мулоқот ба тақвияти ҳамкории мутақобила дар мубориза бо ташкилотҳои байнулмилалии террористӣ ва ифротгаро ва беҳбуди самаранокии ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар таваҷҷуҳ зоҳир шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои амнияти Русия.
Имрӯз, 29 апрел дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД доир мегардад.
Иштирокчиёни ҷаласа масоили таъмини амнияти ҳарбӣ, муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва тадбирҳои пешгириву рафъи онҳоро баррасӣ мекунанд.
Дар ҷаласа инчунин доир ба нақшаи муҷаҳҳазгардонии Неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврӣ, омодагии муштараки неру ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ ва Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният дар давраи нимсолаи дуюми соли 2021 - нимсолаи аввали соли 2022 табодули назар сурат мегирад.
Ҳамчунин Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсисёбии СААД баррасӣ хоҳад шуд.
Ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мешавад.
Роҳбарони ҳайатҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Тоҷикистонро имрӯз президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста