Президенти Қирғизистон, бо нашри як изҳорот дар саҳфаи фейсбукияш аз мардум, хусусан неруҳои сиёсӣ ва расонаҳо хост хештандорӣ кунанд ва вазъро ба буҳрон накашанд.

Содир Ҷабборов навиштааст, ки "ман ҳамаи сокинони Қирғизистон, пеш аз ҳама, нерӯҳои сиёсӣ ва расонаҳоро даъват мекунам, ки ором бошанд, ба иғвоҳо дода нашаванд, душманӣ ва ихтилофотро наангезанд. Мо ҳамеша бо бародарони тоҷик забони муштарак пайдо хоҳем кард ва ҳама масъалаҳоро танҳо дар сурате ҳал хоҳем кард, ки манфиатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамоҳангиро дар сарзамини бостониамон ба назар гирем. Онҳое, ки мехоҳанд ихтилофро аз дарун барангезанд, ҳоло хатарноканд. Ман тамоми нерӯҳои сиёсии дохилиро даъват мекунам, ки дар чунин лаҳзаи барои кишвар душвор хештандорӣ кунанд"

Ҳамчунин Содир Ҷабборов имрӯз ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти кишваррашро бо ҳузури ҳайати маҳдуде доир кардааст, хабар медиҳад 24.kg.

Ҷабборов дар ҷаласа вазъ дар марз бо Тоҷикистонро баррасӣ карда, ба ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини амнияти сокинони наздимарзӣ ва масоили дигар таъкид кардааст. 

Вазъи нуқтаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз субҳи рӯзи 28-уми апрел ноором шудааст ва то кунун вазъ нигаронкунада боқӣ мондааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.