Дар маҳаллаи Сариҷари ҷамоати Чоркуҳи Исфара зуҳри имрӯз, баъд аз намози ҷумъа ду нафар сокини мулкии ин ҷамоатро ба хок супурданд, ки бар асари даргириҳои марзии дирӯз аз сӯйи низомиёни қирғиз кушта шудаанд. Аз ин ду ҷавон кушташуда Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳимҷон Ҳошимов ном бурда мешавад, ки ҳар ду 26 сол доштаанд.
Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса хабар медиҳад, ки намози ҷанозаи ин ду ҷавон бо издиҳоми зиёди мардум хонда шуд. Хабарнигори мо мегӯяд, ки то кунун дар бораи шумораи дақиқи захмиёну кушташудаҳо мақомҳои маҳаллӣ омори дақиқе намедиҳанд.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар мавриди шумораи дақиқи қурбониёну захмиён ҳанӯз ба таври расмӣ чизе нагуфтааст. Субҳи имрӯз ба "Азия-Плюс" як манба дар шаҳрдории Исфара шумораи қурбониёнро 10 нафар гуфт.
Аммо Радиои "Озодӣ" бо такя ба манобеи гуногун дастикам аз шахсияти 8 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро мушаххас кардааст:
Салоҳиддин Гадоеваи 28-сола, майор фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳо;
Бахтовар Маҳмудов, ҷавони сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи Исфара;
Умедҷон Юсуфов, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
Нерӯз Ғафуров, сокини 28-солаи деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода;
Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳим Ҳошимзода, ҳар ду сокини 26-солаи ҷамоати Чоркуҳ;
Шералӣ Раҳматзода ва Сафар Набиев, сарбоз;
Ҷониби Қирғизистон омори қурбониён ва захмиҳои ҷониби худро ҳар соат ба таври расмӣ нашр мекунад ва тибқи иттилои охирин дар ин даргириҳои марзӣ 134 нафар аз захмӣ ва 13 нафар ҷон бохтаанд.
Даргузашти Аслиддин Достиев, рӯзноманигори тоҷик дар синни 64-солагӣ
Омодагӣ ба ваксиназанӣ ё хуруҷи дигарбораи “COVID-19”? Табибон боз хона ба хона мегарданд
“Толибон” гуфтанд баста шудани мактабҳои духтарона ба мушкилоти барномаи таълимӣ рабт дорад
Аз 5 ҳазор то 6,5 ҳазор сомонӣ. Билетҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия боз гарон шуданд
Ифтитоҳи Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Батуми
Cтафилококки ошпазҳо ба заҳролудшавии 22 нафар дар Исфара боис гардид
Дар Чемпионати CAFA футболбозони тоҷик мунтахаби Қирғизистонро ҳам мағлуб карданд
Оғози парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Маскав
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз шуд
Сокинони Тоҷикистонро минбаъд аз қатъи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста