Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтааст, омода аст барои пешбурди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат кунад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Сайид Хатибзода гуфтааст, ки Ҷумуҳурии Исломӣ омодагии худро барои пешбурди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳамчунин пешниҳоди таҷрибаи ҳуқуқӣ ва фаннӣ дар ин заминаро эълон медорад.
Хабаргузории расмии давлатии “Ирно”-и Эрон ба нақли қавл аз Сайид Хатибзода дар вокуниш ба даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизитон чунин хабар додааст:
”Ҷумҳурии Исломи Эрон ахбори даргириҳои ахир дар маноқтиқи марзии муштараки ду кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистону Қирғизистонро, ки мунҷар ба кушта ва захми шудани теъдоде аз шаҳрвандони ду тараф шудааст, бо нигаронӣ думбол мекунад”.
Хатибзода гуфтааст, мо зимни тақдир аз тадобири оҷили сарони ду кишвар, ки мунҷар ба тавқифи ин даргириҳо шудааст, итминон дорем идомаи музокироти ду кишвар дар ниҳоят ба ҳаллу фасли мусолиматомези ҳар гуна ихтилофи марзӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста