Шоми 17 май вохӯрии раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Абдикарим Алимбаев доир гардида, дар он ҳодисаи марбут ба гаравгонгирӣ баррасӣ шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, вохӯрии ҷонибҳо соати 20:00 оғоз гардида, то нимашаб давом кард. Дар гуфтушунид роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳукуқи ҳар ду минтақа низ ширкат варзиданд.

“Раисони вилоятҳо ҳодисаи марбут ба гаравгонгириро баррасӣ намуданд. Бо қарори тарафҳо, дар чорраҳаи байни ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ва деҳаи Оқ-Сойи Қирғизистон барои таъмини амнияти шаҳрвандоне, ки байни ин ду деҳот равуо мекунанд, постгоҳи муштараки милитсия ташкил карда мешавад. Инчунин дар қитъаҳои хатарноки сарҳад посбонии муштараки марзбонон роҳандозӣ мешавад”, - хабар дод манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки 17 май сокинони деҳаи Оқ-Сой се шаҳрванди Тоҷикистонро нахуст лату кӯб карда, сипас бо ёрии сарҳадбонони қирғиз онҳоро гаравгон гирифтанд. Дар навбати худ, сокинони Ворух низ се шаҳрванди Қирғизистонро гаравгон гирифтанд. Баъдан табодул ё худ ивази гаравгонон сурат гирифт.

Раисони вилоятҳо ҳамчунин дар бораи кори муштарак баҳри роҳ надодан ба такрор шудани ҳодисаҳои пешина дар минтақаи наздисарҳадӣ ва таъмини амнияти ҷомеа дар минтақа тавофуқ ҳосил намуданд.

Сурат: хадамоти матбуоти дастгоҳи раиси вилояти Ботканди Қирғизистон

“Раисони вилоятҳо ҳамроҳи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор карданд, ки ҳар ҳафта дар сарҳад вомехӯранд, то ки ба масоили пайдошуда дар маҳалҳои наздимарзӣ фавран расидагӣ кунанд”, - иброз дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, роҳи Ворух-Хоҷаи Аъло-Исфара айни замон барои ҳаракати нақлиёт кушода аст.

Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ хабар доданд, ки роҳ баста набуд, лекин ҳамсояҳои қирғиз ба сӯйи мошинҳои Тоҷикистон, ки тариқи Оқ-Сой мегузаштанд, сангпартойӣ карданд.

“Дирӯз то ҳодисаи марбут ба гаравгонон ва баъди он сокинони Оқ-Сой ба сӯйи мошинҳои аҳолии Ворух сангпартойӣ карданд, ки дар натиҷа тирезаҳои чанде аз автомашинаҳо шикаст. Аз ин рӯ, ҳукумати мо бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон тасмим гирифт, ки бо ин роҳ мошинҳоро муваққатан роҳ намедиҳад”, - иттилоъ доданд ба “Азия-Плюс” сокинони маҳаллӣ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон вазъият амну субот буда, аз субҳ мошинҳо тариқи роҳи Ворух-Исфара бемамониат равуо доранд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрел бар асари задухӯрди мусаллаҳона байни марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳар ду тараф зиёда аз 50 нафар ҳалок ва беш аз 300 кас осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.