Байни ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ба мактабҳои олии ҳарбии кишвари ҳамсоя тавофуқ ҳосил шуд.

Акнун афсарони ояндаи тоҷик ҳуқуқ пайдо намуданд, ки аллакай аз соли хониши оянда ба мактабҳои олии ҳарбии Ӯзбекистон қабул шаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Зикр шуд, ки айни замон масъалаи ҳамасола чӣ миқдор квота ҷудо шудан аз ҷониби Ӯзбекистон барои таҳсил ва бо кадом ихтисосҳо тайёр кардани афсарони тоҷик дар кишвари ҳамсоя мувофиқа мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ҳамасола ҳудуди 400 нафар ҷавонони тоҷик ба мактабҳои олии ҳарбӣ қабул мешаванд.

Аз ин шумор Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳар сол 250 нафар афсарони ояндаи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро ба таҳсил фаро мегирад.

Боқимонда 150 нафар, мувофиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ, ҳамасола ба мактабҳои олии ҳарбии Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва акнун Ӯзбекистон қабул мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, бо супориши президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳар сол наздики 80 нафар афсарони ояндаи артиши миллӣ ба мактабҳои олии ҳарбӣ бе супурдани имтиҳон танҳо баъди гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва суҳбат қабул карда мешаванд.

Бо дастури президент, чунин имтиёз танҳо ба ятимони кулл, ҷавонони бепарастормонда ва ҷавонон аз оилаҳои камбизоат дода мешавад.

Ба ҳамаи хатмкардагони мактабҳои олии ҳарбии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки Тоҷикистон бо онҳо дар бораи тайёр кардани мутахассисони ҳарбӣ созишномаи дахлдор дорад, рутбаи ҳарбии лейтенант дода шуда, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бо ҷойи корӣ таъмин кардани онҳоро кафолат медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.