Бо кадом мақсад кумаки ҳарбӣ-техникӣ кардан ба Тоҷикистону Қирғизистонро ба Tengrinews.kz дар Вазорати мудофиаи Қазоқистон шарҳ додаанд. Зикр шудааст, ки Қазоқистон ният надорад, ки ба шиддат гирифтани баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намояд.

Бино ба маълумоти Вазорат, моҳи декабри соли 2019 Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба мушкил шудани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дархости кумаки ҳарбӣ-техникӣ ба Қазоқистон муроҷиат кардааст. Дар ин робита дар бораи кумаки ҳарбӣ-техникии ройгон созишномаи байниҳукуматӣ таҳия шуда, он 17 апрели соли 2021 ба имзо мерасад.

Ғайр аз ин, хабар додаанд дар Вазорат, 2 март бо Қирғизистон низ чунин созишнома имзо шудааст.

“Яъне ин созишномаҳо бо Тоҷикистону Қирғизистон то шиддат гирифтани баҳсҳои марзӣ байни ин кишварҳо имзо шуда, айни замон корҳои тасдиқи созишномаҳо ҷараён доранд”, - гуфтаанд дар вазорат.

Гуфта мешавад, созишномаҳои мазкур дар пасманзари хуруҷи неруҳои ҳарбии кишварҳои эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон ба тасвиб расидааст.

“Ғайр аз ин, ба ихтиёри Тоҷикистону Қирғизистон додани амволи ҳарбӣ-техникӣ танҳо баъди сари як қарород омадани онҳо дар бораи танзими ихтилофҳо ва ба субот омадани вазъ сурат мегирад”, - иброз доштаанд дар Вазорат.

Зимнан зикр шудааст, ки мувофиқи шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳам иштирокчии он мебошанд, кишварҳои узви СААД ба худдорӣ аз истифодаи неру ва таҳдид нисбати ҳамдигар уҳдадоранд. Дар ин робита кумаки ҳарбӣ-техникӣ набояд аз ҷониби онҳо барои ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ истифода шавад.

Маълумот дар бораи кумаки ҳарбии ройгон ба Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби Қазоқистон дар сомонаи Вазорати мудофиа нашр шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.