Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар бораи баргузории амалиёти “Бачаҳо” дар роҳҳои мошингарди кишвар хабар медиҳад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, амалиёт 10 июн оғоз гардида, то 20 июн давом мекунад.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо дар давраи таътили тобистона аст.

Аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост шудааст, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар poҳpo риоя намуда, бa кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракатро фаҳмонанд ва риояи ҳатмии онҳоро талаб кунанд.

Тибқи маълумоти ВКД, давоми се моҳ танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 60 садамаи нақлиёт рух дода, бар асари онҳо 12 нафар ҳалок ва 55 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Аз шумори умумии садамаҳои нақлиёт 36 адад ё худ 94,2%-аш ба ҳолатҳои бо автомашина пахш кардани пиёдагардон рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.