Волидайну наздикони 18 нафар гумонбари пайравӣ аз ҳаракати “Салафия” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ), ки чанде пеш баррасии парвандаи онҳо аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз шуд, ба мақомоти олии кишвар шикоят кардаанд.

Онҳо мегӯянд, наздиконашон гуноҳ надоранд ва баъд аз боздошт таҳти шиканҷа ба ҷурми пешниҳодшуда иқрор шудаанд.

Наздикон: “ҳатто намедонанд, “Салафия” чӣ созмонест”

Модар ва наздикони бархе аз боздоштшудаҳо, ки ҳамзамон ба Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, роҳбари созмони “Преспектив+” ва узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, аз бархӯрди ғайриқонунии маъмурони милиса шикоят кардаанд. Онҳо дар номаи худ иттиҳоми зидди фарзандонашон ироашударо беасос хонда, аз шеваи боздошт ва раванди мурофиаи судӣ ба роҳбари Дастгоҳи Президенти кишвар ва Додситони кул шикоят кардаанд.

Ойниҳол Бобоназарова баъди ошноӣ бо шикояти гумонбарон ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо дар шикояти худ мегӯянд, наздикони боздоштшудаашон, ки ба пайравӣ аз “Салафия” муттаҳам мешаванд, ҳатто намедонанд, ки ин чӣ созмон аст. Ҳамчунин, як нафар аз айбдоршавандаҳо дар муҳокимаи додгоҳӣ гуфтааст, ки баъд аз боздошт таҳти шиканҷа ба ҷурми пешниҳодшуда иқрор шудааст.

- Наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд, мақомот хонаҳояшонро кофтанд, чизеро ҳамчун далели шайъӣ пайдо накардаанд, ки пайравии фарзандон ё хешони онҳоро ба равияи “Салафия” тасдиқ кунад. Ҳатто як китоби динии ғайриқонунӣ пайдо накарданд”,-мегӯяд Бобоназарова бо нақл аз наздикони боздоштшудаҳо.

Гуфта мешавад, ки боздоштшудаҳо намояндаҳои касбу кори гуногун буда, ҳатто як нафари онҳо маъюби гуруҳи якум аст ва  наздиконаш ӯро болои замбар вориди толори суд мекунанд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як гурӯҳи 18-нафараи сокинони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба иттиҳоми ширкат дар гурӯҳи ҷиноятӣ боздошт карданд. Ҳамин тариқ чанде пеш суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баррасии парвандаи онҳоро бо иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракати “Салафия” оғоз кард.

Гуфта мешавад, ки вакилони дифои гумонбарон танҳо баъд аз панҷ рӯзи боздошт тавонистаанд бо зерҳимояҳои худ дидор кунанд. Муҳокимаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд бе ҳузури рӯзноманигорон мегузарад.

ozodagon.com

 

Вакили дифоъ: “Гумонбарон таҳти шиканҷа ба гуноҳашон иқрор шудаанд”

Чанд вакили дифои гумонбарон зимни суҳбат бо мо гуфтанд, зерҳимояҳояшон бегуноҳанд ва ҳеҷ далели тасдиқкунандаеро, ки онҳо пайрави кадом як созмони ғайриқонунии динӣ бошад, тафтишот маълум накардааст ва онҳоро бо нишондоди бо фишор гирифтаи якдигар гунаҳкор медонанд.

Вакили дифои яке аз маҳкумшудагон, ки нахост номаш бурда шавад, зимни суҳбат бо мо гуфт, зерҳимояашро ҳамроҳи 17 нафари дигар, ки моҳи феврали соли 2021 дастгир намуданд, ҳоло бо гумони пайравӣ ба созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” гунаҳкор мекунанд ва алайҳаш бар асоси моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (КҶ ҶТ) парванда боз намудаанд.

- Зерҳимояи ман ва дигаронро ба он гунаҳкор мекунанд, ки дар арафаи идҳои мусулмонӣ ош ташкил намуда, ба хонаи яке аз дигар боздоштшудаҳо, ки маъюб аст, аёдат рафтаанд ва дар онҷо баъди хурдани ош байнашон суҳбатҳои динӣ шудааст. Гӯё дар ҳамин суҳбатҳо дар бораи равияи “Салафия” сухан мерафт ва онҳо баҳс мекарданд, -гуфт ин вакили дифоъ.

Вале ӯ гуфт, ҳамаи гумонбарон, аз ҷумла зерҳимояи ӯ, чунин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки дар бораи равияи “Салафия” умуман маълумот надоранд. Ӯ аз қавли зерҳимояаш гуфт, ки онҳо дар нишастҳо дар бораи кор ва ҳолу ҳавои зиндагии ҳаррӯзаи худ суҳбат кардаанд ва танҳо беморро айёдат мекарданду мерафтанд.

Вай мегӯяд, нишондоде, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ аз зерҳомоя ва дигар гумонбарон гирифта шудааст, бо роҳи шиканҷа сурат гирифтааст.

- Судшавандаҳоро аз рӯи нишондоди якдигар боздошт намуда, гунаҳкор медонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин нишондодҳо ба якдигар мухолифат мекунанд. Ғайр аз нишондоди якдигар, дигар ҳеч далели мушаххасе нест. Ин нишондодҳо ҳам бо роҳи зурӣ гирифта шудааст. Баъди боздошт, дар аввал, нисбати баъзеашон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз намуда, баъдан, дар ҳамин  давра якбора парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ин вакили дифоъ бовар дорад, адолат барқарор мешавад ва парвандаи ҳами гумонбарон одилона баррасӣ мешавад.

Мавзӯи шиканҷа ва азияти боздоштшуда яке аз мушкилоти доғест, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон зиёд мавриди баҳс қарор мегирад  ва созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқ Тоҷикистонро барои ин интиқод мекунанд.

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, шиканҷа як таҷрибаи маъмулӣ аст, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ нахуст боздоштшуда шиканҷа шуда, баёноти иқроршавиашон гирифта мешавад ва сипас ба вакилони дифоъ иҷозаи дидор бо муваккилашонро медиҳанд.

Аммо дар ҳамин ҳол, мо муваффақ нашудем, ки назари мақомотро дар мавриди ин парванда ва шикояти вакилони дифоъяшон дар мавриди шиканҷа шудани онҳо дарёфт кунем.

“Дар асоси равияи Имоми Аъзам намоз мехонданд”

Абдусалом Усмонов, вакили дифои яке аз маҳкумшудагони дигар дар мавриди зерҳимояаш гуфт, ӯ гуноҳ надорад ва нишондоди иқроршавиаш бо фишор гирифта шудааст.

- Вақте зерҳимояи маро барои ошхӯрӣ давъат мекунанд ва мепурсанд, ки дастро то ба гӯш набурдан дар равияи Имоми Аъзам дуруст аст, ӯ мегӯяд, нодуруст аст ва аз нигоҳи қонунгузории Тоҷикистон ин манъ шудааст. Ҳамаи судшаванда ҳам инро тасдиқ намудаанд. Ҳамчунин, дар мавриди чӣ гуна Қуръонро ба тарзи таҷвдид хондан бо якдигар гуфтугузор менамоянд,-гуфт А. Усмонов.

Мавсуф гуфт, ки ҳамаи боздоштшудагон тасдиқ мекунанд, ки аъзои “Салавия” нестанд ва дар бораи ин равия хабар надоранд. Инро ба гуфтаи ин вакили дифоъ ҳатто,  шоҳидон ҳам тасдиқ мекунанд ва гуфтаанд, ки гумонбарон дар масҷид ба равияи Имоми Аъзам намоз мехонданд.

Номбурда гуфт, ки мурофиаи навбати имрӯз (21.06.2021) баргузор мешавад ва умед дорад, ки парванда одилона баррасӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.