Дар пасманзари хуруҷи неруҳои ҳарбии эътилофи кишварҳои Ғарб Русия аз шиддати вазъ дар Афгонистон ва рӯйи кор омадани манбаи нави ташаннуҷ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст. Дар ин бора сухангӯи президент Русия Дмитрий Песков рӯзи чоршанбе ба рӯзноманигорон изҳори назар кард, хабар медиҳад ТАСС.

“Дар маҷмӯъ, ҷараёни рушди вазъ дар Афғонистон дар баробари хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва дигар неруҳо аз ин кишвар сабаби таваҷҷуҳи хос ва нигаронии мост <...> Тоҷикистон кишвари ба мо хеле наздику шарик аст. Дарвоқеъ, аз пайдо шудани манбаи нави шиддат ва таҳдидҳо нигаронем”, - гуфтааст намояндаи Кремл.

Чанде пеш хабарнигори хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон Аҷмал Кокар ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки Шерхон Бандар, гузаргоҳи муҳими гумрукиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ба дасти "Толибон" гузашт.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа бархе аз неруҳои давлатии Афғонистон ба "Толибон" таслим шудаву бархеи дигар ба Тоҷикистон фирор кардаанд ва байни гурезаҳои афғон чанде аз мансабдорони маҳаллӣ низ ҳастанд.

Мувофиқи иттилои манбаъ, Раёсати гумрукии Шерхон Бандар биудни муқовимати мусаллаҳона ба ихтиёри Толибон гузаштааст.

Ёдрас мекунем, ки 20 июн раиси ВМКБ Ёдгор Файзов вобаста ба вазъ дар сарҳад машварати таъҷилӣ баргузор намуд.

“Вазъи ноамн дар Афғонистон моро водор месозад, ки суботи дохилиро таъмин намуда, дар сурати убури имконпазири сарҳади давлатӣ ба ҳимояи сарзамини муқаддас бархоста, тадбирҳои ҷавобӣ диҳем”, - изҳор дошта буд раиси вилоят.

Ёдгор Файзов тақвияти заминаи моддиву техникӣ ва кадриро дар мавзеъҳои наздисарҳадии ВМКБ тадбири муҳим дар ин самт арзёбӣ намуд.

Дар ин робита ӯ муайян кардани макони бехавф, захираи сӯзишвориву маводи хӯроворӣ, сарулибос ва нақлиётро дар сурати қабули гурезаҳои маҷбурӣ аз қаламрави кишвари ҳамсарҳад низ муҳим арзёбӣ кард.

Зимни мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати зарурат Тоҷикистон метавонад 10 ҳазор паноҳандаи Афғонистонро бипазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.