Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба отрядҳои марзбонии Панҷу Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки дар марзи Афғонистон қарор доранд, рафт. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии ин сафарро шиносоӣ бо ҳолати омодагии ҷангии низомиён унвон кард.

Тоҷикистон аз суқути манотиқи зиёди Афғонистони ҳамсоя, хусусан манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон сахт нигарон аст. Ҳоло наздик ба 80 дар сади мавзеҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшон ба дасти "Толибон" афтодааст.

Панҷуми июл дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки барои мустаҳкам кардани сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 20 ҳазор низомии эҳтиётиро сафарбар кунад.

“Азия-Плюс” бо коршиносони низомиву огоҳони умур суҳбат кард, ки ин сафарбаркунӣ чӣ гуна сурат мегирад.

Ба неруҳои эҳтиётӣ киҳо дохил мешаванд?


Сухангӯи Вазорати дифои кишвар Фариддун Маҳмадалиев, дар шарҳи мафҳуми низомиёни эҳтиётӣ гуфт, инҳо нафароне мебошанд, ки дар қайди комисариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳастанд.

- Қисме аз онҳо, ки дар артиш хидмат накардаанд ва инҳо асосан донишҷӯёни донишгоҳҳо мебошанд, дар сурати зарурат, ҳангоми сафарбаркунӣ барои онҳо тайёрии ҳарбӣ гузаронида мешавад. Дар ҳоли ҳозир ҳамаи неруҳои эҳтиётӣ дар омӯзиш ва дараҷаҳои омодагӣ ҳастанд. Ҳоло сафарбар нашудаанд,-гуфт Ф. Муҳаммадалиев.

Ба таъкиди ӯ, ҳоло қувваҳое, ки барои ҳифзу ҳимояи минтақаҳои масъулиятноки сарҳадӣ зарурат дорад, басанда аст. Чунки ҳоло ягон “агресия” нест. Сафарбаркунии онҳо дар сурати таҳдиди воқеӣ сурат мегирад.

- Вақте онҳо сафарбар мешаванд, дар хати яккум ва дуввум марзбонон қарор мегиранд, дар сурати эҳтимолияти ҳуҷум сарҳадбонон аз хати якум ба хати дуввум мегузаранд ва дар ақибгоҳ захираи эҳтиётии сафарбарӣ ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ шомил шуда, бар зидди душман мубориза мебаранд,-шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Сомонаи “your.tj” аз қавли манбаъаш аз Вазорати дифо навиштааст, ки дар ҳолати ҳуҷум аз ҷониби Афғонистон онҳо захираҳои эҳтиётиро дар тамоми Тоҷикистон ҷамъ наоварда, танҳо аз ҳисоби мардони минтақаҳои наздисарҳадии аз 18 то 40-сола ҷамъоварӣ мекунанд.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз минтақаи Панҷи вилояти Хатлон то ноҳияи Мурғоби ВМКБ мегузарад, ки бештар аз 1400 км тӯл дорад ва ин маънои онро дорад, ки сафарбаркунии захираҳо дар ин минтақаҳо бештар сурат мегирад.

 

Тамринҳо дар Хатлон шурӯъ шудаанд


Дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон, моҳи апрели соли равон дар ҳудуди се полигони ҳарбии гарнизони Хатлон- "Сумбулак", "Ҳомиён" ва “Харбмайдон” машқҳои густурдаи низомӣ баргузор шуданд.

Он бо мақсади санҷиши амалии иҷрои супоришҳои ҷангӣ дар ҳудуди 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва се қатори низомӣ бо ҷалби сохторҳои давлатӣ ва амнияти гарнизони Хатлон ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Федератсияи Россия сурат гирифта буд.

Инҳо ҳамоишҳои ҳудудии мудофиа, дарсҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки оперативӣ-стратегӣ буданд.

«9 ҳазор хидматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва зиёда аз 40,3 ҳазор захираҳои сафарбаркунӣ, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ба машқҳои муштараки ҳарбии васеъ ҷалб карда шуданд.

Инчунин, дар ҳамоҳангӣ ва санҷиши амалии супоришҳои ҷангӣ дар машқҳои ҳарбӣ беш аз 1700 нафар хидматчиёни Пойгоҳи низомии 201-и Вазорати мудофиаи Русия ширкат варзиданд», - гуфта буд он замон Фаридун Маҳмадализода.

Полковник: “Афсарони эҳтиётиро қадр бояд кард”

Як коршиноси масоили низомӣ ва полковники мустафъӣ, ки нахост номаш бурда шавад, зимни суҳбат гуфт, ки ба низомиёни эҳтиётӣ ҳамаи кормандони мақомоти қудратӣ, ки ба нафақа буромадаанд, онҳое, ки хидмати аскарӣ кардаанд ва донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбӣ хондаанд, дохил мешаванд. Вале дар мадди аввал кормандони мақомотҳои қудратӣ, ки ба нафақа рафтаанд шомил мешаванд, чунки онҳо таҷрибаи ҳарбӣ доранд. Онҳое, ки хидмат кардаанд ва ё кафедраҳои  ҳарбӣ хонаанд, аввал ба омӯзишҳои ҳарбӣ фаро гирифта, баъд сафарбар мекунанд.

- Нерӯҳои эҳтиётиро дар хати марз вобаста ба касбашон мепартоянд. Вале инҷо як масъала аст. Хӯронидан ва пӯшонидани 20 ҳазор нафар кори осон нест. Таъмини аслиҳа ва ҷойи хоб мушкили дигар аст. Баъзе аз кормандони мақомоти қудратии таҷрибадор барои рафтан ба марз маблағ талаб мекунанд. Ба онҳо маош додан лозим аст. Ин як механизми калон аст, ки давлат бояд пешакӣ омодагӣ дида бошад,-мегӯяд ин коршиноси тоҷик.

Ба таъкиди вай, сафарбаркунӣ бояд ихтиёрӣ сурат гирад. Вале ба гуфтаи ӯ, имрӯз баъзе кормандони мақомоти қудратӣ, ки ба нафақа баромадан норозианд.

- Онҳоро дар замони хидматашон бояд қадр мекарданд, то имрӯз ихтиёрӣ ва бидуни дудилагӣ ҳамчун афсарони эҳтиётӣ сафарбар мешуданд,- гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи вай, тадбири интиқоли неруҳои эҳтиётӣ ба марзи Афғонистон муассир буда, набояд ба гуфтаи “Толибон” (ҳаракати дар Тоҷикистон маманӯъ) дар мавриди нагузаштан ба марз ва ҳамла накардан ба Тоҷикистон бовар кунем.


- Бояд давлат бо чунин захираҳо доимо кор кунад.  На ин ки дар ҳолатҳои изтирорӣ. Масъулини бахши қудратӣ бояд ин масъаларо баррасӣ кунанд ва чунин захираҳоро ҳамеша дошта бошанд. Бе ягон омӯзиш онҳоро ба марз сафарбар кунанд. Ҳатто бояд аслиҳаи ҷангӣ ва “командир”-ҳои тайёр дошта бошанд. Мегӯянд, ки “агар сулҳро мехоҳӣ ба ҷанг омода бош”,-қайд кард полковники мустафъӣ.

Ӯ пешниҳод намуд, ки сардорони шуъбаи корҳои дохилии минтақаҳои наздимарзӣ бояд “интерналистон”-ро ҷамъ карда, суҳбат кунанд. Чунки онҳо нафароне ҳастанд, ки дар сурати ҷангӣ аллакай медонанд, ки чӣ кор кунанд. Дар як сол чанд маротиба нерӯҳои эҳтиётиро дар чунин шароитҳо бояд омӯзиш дод.

Генерал: “Толибон” аз марз намегузаранд

Ба андешаи собиқ муовини фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал Нуралишо Назаров ба нерӯҳои эҳтиётӣ нафарони аз 18 то 50 солаи дорои дафтарчаи ҳарбӣ дохил мешаванд.

- Раванди сафарбаркунӣ бо даъвати комиссаарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад. Ҷамъ мекунанд, ба кадом қитъаи сарҳад, ки зарур аст мепартоянд, “казарма” ташкил мекунанд, онҳоро бо хӯрокаву пӯшока ва яроқу аслиҳа таъмин мекунанд,-гуфт ин генерали тоҷик.

Ӯ гуфт, ки дар сурати рахна шудани хати сарҳад Тоҷикистон бояд пеши роҳи онро ҳарчи зудтар бигирад.

- Ҳарчанд “Толибон” (ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ) мегӯянд, ки аз хати марз намегузаранд, вале агар дар Афғонистон ҳудуди зиёдтарро ишғол кунанд, шояд ки ба дигар минтақаҳо чашм ало намоянд,-гуфт ин генерали тоҷик.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.