Сарбозону афсарони ӯзбек ҳамроҳ бо ҳамтоҳои худ аз Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар сурати убури ҷангиён аз кишвари ҳамсоя машқу тамринҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд.

Аз 1 то 10 август дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар самти вилояти Хатлон тамринҳои бузургмиқёси муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия баргузор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Тамринҳои муштараки зиддитеррористии низомиёни тоҷику ӯзбек ва рус дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар сарҳад бо Афғонистон доир мегарданд.

Дар тамринҳо неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоӣ ва неруҳои таъиноти махсуси се давлат иштирок мекунанд.

Дар тамринҳо ҳамоҳангсозии амалҳои низомиёни се кишвар дар сарҳад дар ҳолати марзи Тоҷикистонро рахна кардани террористон аз Афғонистон мавриди омӯзишу амал ва таҷриба қарор мегиранд.

Манбаъ зикр кард, ки амалҳои тарҳрезишуда - “аввалин тамринҳои мукаммали низмиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия мебошанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.