Дар Тоҷикистон, ин субҳ дар саросари кишвар санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.
Ин кор бо фармони президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки гуфта мешавад бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сурат мегирад.
Бино ба иттилои хабаргузории "Ховар" дар ин ҳамоиш 100 ҳазор нафар хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 130 ҳазор афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Ҳамчунин 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.
Ин ҳамоиш дар як вақту соат дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш таъкид кард, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Марги як нафар дар пайи сӯхтори мошини бензинкаш
Теъдоди рекордии мусофирон дар аввалин қатораи Кӯлоб-Волгоград
Семён Григорев - сафири нави Русия дар Тоҷикистон
Нигаронии Русия дар мавриди ба Украина интиқол ёфтани чархболҳои аз Афғонистон рабудашуда
Тоҷирони Хатлон ва Сурхондарё ба маблағи 26,6 млн доллар созишномаҳо имзо карданд
Шумори қурбониёни таркиш дар бозори Ереван ба 16 нафар расид
Аз ҳисоби “андоз аз Google” Тоҷикистон аллакай беш аз 3,5 млн сомонӣ гирифт
Дар Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони каримро дуздиданд
Дар Конибодом наворбардории силсилафилми “Хона” ҷараён дорад
Ҳалокати модару 2 кӯдакаш бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе - Ҳисор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста