Субҳи имрӯз, дар мавзеи марзии Қуммазори ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, миёни сокинони маҳаллӣ ва ҷониби қирғизҳо ҷанҷол сар зад. Ба гуфтаи манбаъ, ҷанҷол пас аз он сар задаст, ки марзбонони қирғиз монеи кори сокинони маҳаллӣ шудаанд.

Як манбаъ аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки сокинон мехостанд ба василаи ҳашар мавзеи Қуммазорро тоза кунанд, аммо сарҳадбонони қирғиз монеи ин кор шуданд ва ба ҷониби Тоҷикистон тир холӣ карданд.

“Вақте сокинони мо барои тоза кардани он мавзеъ баромаданд, сарҳадбонони қирғиз омада монеъ шуданд ва шаҳрвандонашонро ба иғво андохта, ба ҷониби шаҳрвандони мо сангандозию тиркушоӣ карданд”, - хабар дод манбаъ.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки ин ҷо як табобатгоҳи қадимиву садсолаҳои тоҷикон аст ва ҳамасола тариқи ҳашар тоза карда мешавад. 

“Намегузоранд, ки Қуммазори худамонро худамон тоза кунем. Он ҷо мавзеъи таърихӣ аст, ҳудуди мо аст ва садсоҳало дар он ҷо мардуми тоҷик табобат мегиранд”, қайд кард манбаъ. Ӯ дар бораи оташ кушодани сарҳадбонони тоҷик ва будани захмиён чизе нагуфт.

Аммо як духтур аз беморхонаи ҷамоати Чоркӯҳ ба "Азия-Плюс" гуфт ки, “имрӯз, тахминан, соати тахмин 10:30  аз тарафи Қуммазор як сарбозро гирифта оварданд, маълум нест, ки чи хел ҷароҳат бардоштааст.  Дар пойи росташ захми тир дошт, мо дар беморхонаи марказии Чоркӯҳ ёрии аввалин расонидем ва ӯро гирифта ба шуъбаи травматологияи Беморхонаи марказии шаҳри Исфара гирифта бурданд. Ҷароҳатанш вазнин нест". 

Ин духтур аз сарбози захмӣ, Қурбонов Шӯҳрати 19-сола ном бурд.

Даргирии навбатӣ дар марзи Исфара дар ҳолест, ки чанде пештар миёни марзбонони ду кишвар дар ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ҳам тирпаронӣ сурат гирифта буд. Расонаҳои Қирғизистон аз кушта шудани як марзбони қирғиз дар ин ҳодисаҳо хабар дода буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.