Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз се ҳодиса ё ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ кардааст. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, дар нашиасти имрӯзаи ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ки ин ҳодисаҳоро аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва гуруҳи террористии ДИИШ қасд доштанд, содир кунанд.
Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода аз ин қазияҳо, як ҳодисаи террористӣ дар Исфара ва ду суиқасди террористӣ дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат бояд сурат мегирифт, ки мақомоти Тоҷикистон аз онҳо пешгирӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки ВКД мегӯяд, ки дар шаш моҳи аввали имсол 143 касро бо гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд.
Ба қавли Рамазон Раҳимзода, 23 нафари онҳо узви созмонҳои марбут ба мухолифин, аз қабили “Гуруҳи 24”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳастанд.
ВКД мансубияти ин 143 нафарро дар нишасти матбуотӣ эълон кард:
“Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар
“Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар
“Салафия” – 45 нафар
“Гурӯҳи 24” – 13 нафар
ҲНИТ – 6 нафар
“Ансоруллоҳ” – 9 нафар
“Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар
“Ал-Қоида” – 3 нафар
“Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар
Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар
Паймони миллии Тоҷикистон – 4 нафар.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Ба бофандагон, дӯзандагон, кулолгарон... Дар Суғд ба 60 зани ҳунарманд грант медиҳанд
“Бештар хонандагони мактаб мераванд”. Андешаи сокинон перомуни театри тоҷик
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста