Гуруҳи "Толибон" дар ду рӯзи ахир шаҳри Кундуз, маркази вилояти Кундузро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва ҳамчунин шаҳри Сарипул - маркази вилояти Сарипулро низ, ғасб кардаанд. 

Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистон,  толибон бинои ҳукумати вилоят, фармондеҳии пулис ва раёсати амнияти миллӣ дар Сирипулро гирифта, дар ин вилоят танҳо вулусволӣ (ноҳия)-и Балхоб дар дасти давлат мондаасту халос. Гуфта мешавад, ки мақомҳо ва неруҳои давлатӣ дар яке аз  қисмҳои низомӣ дар шаҳри Сарипул дар муҳосираи "Толибон" мондаанд.

Ба ҳамин тартиб "Толибон" тамоми идораҳои давлатӣ ва бахшҳои муҳими шаҳри Кундузро низ гирифта, ҷанг дар кӯчаву паскӯчаҳои ин шаҳр идома дорад. 

Ду рӯз пештар "Толибон" шаҳри Толиқон маркази вилояти Тахор ва Шибирғон - маркази вилояти Ҷузҷонро низ тасарруф карда буданд, ки акнун дар ин шаҳрҳо ҷангҳои шадиде миёни неруҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни толиб идома дорад. 

Ҷанг дар Кундуз
Reuters

Бархе аз намояндаҳои вилоятҳои Сарипул ва Кундуз дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар суқути ин ин шаҳрҳо бекифоятии давлат ва ниҳодҳои амниятиро зикр кардаанд ва гуфтаанд, ки ҳукумат нисбат ба вазъи ин шаҳрҳо бепарвоӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.